СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Хуҷанд 72 нафар ғолиби ин озмун мешаванд

Август 8, 2023 11:51

ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2023-2024  баргузор гардид. Дар озмун  144   довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда,  72 нафарашон ғолиб дониста шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб мешаванд, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба онҳо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зоҳир гардида, пайваста густариш меёбад. Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дар бар мегирифт. Бо пешниҳоди Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, аз 400 нафар ба 3000 нафар зиёд гардид.

Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон нишонаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсили муносиб фаро гирифтан ва ташаккул додани маҳорату малакаи истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари ин ғамхориҳо бояд Ватани худро боз ҳам бештар дӯст дошта, илмҳои гуногуни муосирро омӯзанд ва баҳри ободии диёри худ кӯшиш намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

 

Август 8, 2023 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд