СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ин санад эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мамлакат тақвият мебахшад

Август 23, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 августи соли равон Ҳуқумати мамлакат Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038-ро қабул намуд. Санади мазкур таҳлили ҳолати ҷорӣ ва мушкилоти асосии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар бар гирифта, ҳадаф, вазифаҳо ва принсипҳои асосии Стратегияи миллиро инъикос намудааст. Ҳамчунин дар Стратегияи миллӣ самтҳои стратегии фаъолият ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ, амалисозӣ, мониторинг ва арзёбии он нишон дода шудааст.

Амалан ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар ҷойи холӣ наметавон таъмин намуд, мебояд ба он заминаҳои ҳуқуқӣ гузошта шаванд ва шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ҳукумати олии мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ, хусусан ҳангоми таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса нишон додааст. Дар натиҷа моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се сархати алоҳида ва навиштаҳои зерин: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд»; «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд»; «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд», таҳия ва қабул шуд.

Ин замоне буд, ки дар баъзе аз минтақаҳои мамлакат гурӯҳҳои ҷиноятпешаи мусаллаҳи мухолифин одамони бегуноҳро бо ҷурмҳои сохта ва баҳонаи маҳалу миллат, дину мазҳаб, ақидаву виҷдон шиканҷа мекарданд ва ҳатто ба қатл мерасониданд. Дар чунин шароит дар матни Конститутсияи мамлакат, ки санади олии ҳуқуқӣ эътироф шудааст, эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзишҳои олӣ, зиёда аз ин аз тарафи давлат эътироф шудан, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин аст, ки Ҳукумати олии мамлакат таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ин масъала на танҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, балки заминаи ҳуқуқии таъмини озодиҳои инсон ва ҳуқуқи ӯро гузоштааст.

Зиёда аз ин, дар Конститутсия дар банди алоҳида (моддаи 10) таъкид шудааст, ки «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд». Яъне, дар ин маврид низ Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бартарияти хосаи ҳуқуқӣ додааст. Зеро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ масъалаи озодии инсон ва ҳуқуқҳои ӯ хусусияти  байналхалқӣ дорад ва болотар аз қонунгузориҳои миллӣ эътироф шудааст. Ба ҳамин тартиб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон соли 1994 гузошта шудааст.

Заминаи дуюм барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон фароҳам овардани шароити мусоид дониста мешавад. Агар сулҳ, субот, оромӣ дар ҷомеа таъмин набошад, мантиқан ҳуқуқу озодиҳои инсонро риоя ва таъмин намудан ғайриимкон мебошад. Тавре ки маълум аст, танҳо моҳи июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ бо мухолифини давлат ба имзо расид ва давоми се соли оянда — то соли 2000-ум суботу амният дар ҷомеаи Тоҷикистон пурра таъмин шуд. Субот, амният, осоиштагӣ маҳз бо заҳмату талошҳо ва ҷасорату азхудгузаштанҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяассар гардидааст. Маҳз ба ҳамин сабаб ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунгузорӣ унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро додааст.

Баъд аз таъмини ду заминаи аввал: заминаи ҳуқуқӣ (дар соли 1994) ва шароити мусоид — фазои суботу осоиштагӣ (солҳои 1997-2000) Ҳукумати мамлакат ба таъмини заминаи сеюм: амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ шуруъ намуд. Моҳи марти соли 2002  Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои ухдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсис додани Комиссия ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буд. Дар натиҷаи фаъолияти Комиссия ва фаъолияти мақомоти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба расмиёти шарҳи универсалии давриро гузашта, гузоришҳоро ба мақомоти қарордодии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намуд. Ҳамчунин ёздаҳ мандати расмиёти махсус бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Тоҷикистон дидан намуд. Дар натиҷа зиёда аз 1000 тавсия пешниҳод шуд, ки қариб ҳамаи масъалаҳои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро фаро гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон бо иҷрои заминаи сеюм — амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ заминаи навбатӣ гузошта мешавад, ки ин қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2008 мебошад. Дар асоси қонуни мазкур 27 майи соли 2009 аввалин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъйин шуд. Моҳи апрели соли 2012 ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расмиёти аккредитатсияи Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии ниҳодҳои миллӣ оид ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бомуваффақият гузашта, аккредитатсия шуд. Баъд аз ин, сохторҳои марбутаи  Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон якчанд  тавсияҳоро ҷиҳати таҳкими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доданд. Тавсияҳои мазкур аз мустақилият додан ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастгоҳи он, мустаҳкам намудани дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагиҳои он дар маҳалҳо, аз ҷумла тавассути давра ба давра зиёд намудани маблағгузории фаъолияти Ваколатдор иборат мебошанд.

Марҳалаи дигар, яъне заминаи панҷуми таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз ҷониби  Ҳукумати мамлакат қабул шудани Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 — 2020 дониста мешавад. Барномаи мазкур 3 декабри соли 2012 қабул гардида, он дар асоси Даҳсолаи дуюми СММ оид ба ҳуқуқи инсон таҳия шудааст. Ҳадафи Барномаи мазкур таълим ва омӯзиши судяҳо, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ мебошад. Мақомоти давлатӣ тавассути низоми худии такмили ихтисос, инчунин дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла тайёр кардани дастурҳои методӣ ва дастурамалҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон гузарониданд ва ҳоло ҳам корҳо дар ин самт идома доранд.

Тавре ки дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 омадааст, шуруъ аз соли 2013 то ба имрӯз 20 нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ қабул шуданд, ки ин нақшаҳо маҷмуи чорабиниҳоро барои иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти масъули давлатиро пешбинӣ менамоянд.   Таҳияи 20 нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои сохторҳои Созмони Милали Муттаҳидро метавон заминаи шашум маънидод намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор додани якчанд санади стратегӣ заминаи ҳафтуми таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла, Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023; Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030; Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023; Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017; Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030; Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021; Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021; Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024;  Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021; Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, ки ҳадафи ниҳоии онҳо таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Омӯзиши барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ нишон медиҳад, ки ҳуқуқи инсон ва озодиҳои он гапи хушку холӣ буда наметавонад. Он иҷрои силсилаи амалҳоро талаб менамояд ва самтҳои гуногун: маориф (таълиму тарбия, бозомӯзӣ), сохторҳои давлатӣ (мақомоти судӣ, муассисаҳои иҷрои ҷазо), амалҳои ғайриқонунӣ (савдои одамон), мушкилоти ҷомеа (зӯроварӣ дар оила), баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон (ҳифзи иҷтимоӣ) ва дигар паҳлуҳои зиндагиро дар бар мегирад. Табиист, ки дар чунин маврид дар як рӯз ва бо қабул кардани як қарор наметавон озодии инсон ва ҳуқуқҳои онро таъмин намуд. Аммо гузоштани заминаҳои ҳуқуқӣ, бунёдӣ, илмӣ, моддиву маънавӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон шоистаи таҳсин, қобили қабул ва намунаи ибрат мебошад. Ҳамчунин бояд ба назар гирифта шавад, ки ин заминаҳо дар кадом шароити мураккаби давлатсозӣ гузошта шудаанд. Дар баробари ҳамин маълум аст, ки давлатдории навини тоҷикон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудааст, ки дар Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ на барои сад-дусад ё ҳазорсолаҳо, балки барои абад бунёд шавад.

Ба ҳамин тартиб, мебояд эътироф намуд, ки қабул шудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 қадами дигари устувор барои таъмини зиндагии шоиста дар Тоҷикистон мебошад.

 А. САНГЗОДА,
шореҳи АМИТ«Ховар»

 АКС аз манбаъҳои боз

Август 23, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд