ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Коршиносон дар соли 2024 мавҷи гармои рекордиро пешгӯӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносон соли 2024 мавҷи гармии рекордӣ пешгӯӣ намудаанд. Ҳарорати рекордӣ ҳанӯз дар пеш аст: оқибатҳои асосии мавҷи гармии Ал — Нино ҳанӯз ошкор нашудаанд. Эҳтимол он соли 2024 рух диҳад. Муҳаққиқон ақида доранд, ки ҳарорат боз ҳам гармтар хоҳад шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.
Тибқи пешгӯиҳои Агентии кайҳонии Амрико (NASA), таъсири мавҷи гармии Ал-Нино ба иқлими сайёра махсусан аз давраи моҳи феврал то апрели соли 2024 эҳсос хоҳад шуд.
Дар агентии кайҳонии NASA ба хулосае омаданд, ки соли равон дар таърихи сайёраи Замин метавонад гармтарин бошад. Мувофиқи ҳисобҳои олимон, эҳтимоли натиҷаи чунин ҳодисаҳо 50% — ро ташкил медиҳад.
Моҳи июл аллакай «бо фосилаи зиёди ҳарорат» аз рекорди қаблӣ гармтарин моҳ дар таърих эътироф шудааст, ки инро сармутахассиси Идораи миллии таҳқиқоти уқёнусӣ ва атмосферӣ (NOAA) Сара Капник дар нишасти матбуотии рӯзи душанбе тасдиқ намуд.
Сабаби асосии гармшавӣ газҳои гармхонаӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти инсон ба ҳисоб мераванд.
Инчунин мувофиқи пешгӯии солонаи NOAA, соли 2023 эҳтимол ба панҷ соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо дохил шавад. Дар айни замон он аллакай дар ҷои сеюм қарор дорад.
Илова бар ин, падидаи мавҷи гармии Ал — Нино (гармшавии қисми уқёнуси Ором) ба обу ҳавои Замин аз давраи моҳи феврал то апрели соли 2024 таъсири калон хоҳад расонд.
Олимон бар ин назаранд, ки ин метавонад ба ҳадди ниҳоии гармшавии 1,5 дараҷа оварда расонад ва боиси ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, аз қабили хушксолӣ, тӯфонҳо ва обхезиҳо гардад. Қаблан муҳаққиқон гумон доштанд, ки агар ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ бо суръати имрӯза афзоиш ёбад, пас то охири аср аз се ду ҳиссаи пиряхҳо аз байн мераванд.
Коршиносони NASA ишора менамоянд, ки баландшавии якбораи ҳарорат дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ ва нимҷазираи Антарктида сабт шудааст, ки он аз ҳисоби миёна тақрибан 4°C зиёд мебошад.
Ҳарорати сатҳи уқёнус низ ба сатҳи рекордӣ расидааст. Ин тамоюл моҳи чорум аст, ки пай дар пай мушоҳида мешавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Euronews








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






