Тақрибан 3 ҳазор истироҳаткунандагон аз лагерҳои Фаронса бар асари сӯхтори ҷангал кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 3 ҳазор нафар истироҳаткунандагони чор лагери Фаронса шаби сешанбе бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтори ҷангал ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба БЕЛТА иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Associated Press хабар додааст.
Омезиши ҳавои хеле гарм, хушксолӣ ва боди шадид боиси зуд паҳн шудани шуъла гардид. Сӯхтор 500 гектарро дар наздикии осоишгоҳи баҳрии Аржел — сюр – Мер дар ҷануби Фаронса ва дар наздикии марз бо Испания фаро гирифт.
Мақомот баён намуданд, ки сӯхтор бартараф шудааст, аммо он рӯзи сешанбе ҳанӯз ҳам зери назорати ҷиддӣ қарор дошт. Рӯзи чоршанбе одамон ба қароргоҳҳои худ баргаштанд.
Ба иттилои сӯхторнишонони маҳаллӣ, бар асари алангаи оташ яке аз қароргоҳҳо ва як манзил хароб шуда, дар натиҷа аз 350 то 400 нафар бе сарпаноҳ мондаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: БЕЛТА








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст






