Тақрибан 3 ҳазор истироҳаткунандагон аз лагерҳои Фаронса бар асари сӯхтори ҷангал кӯчонида шуданд

Август 17, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 3 ҳазор нафар истироҳаткунандагони чор лагери Фаронса шаби сешанбе бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтори ҷангал ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба БЕЛТА иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Associated Press хабар додааст.

Омезиши ҳавои хеле гарм, хушксолӣ ва боди шадид боиси зуд паҳн шудани шуъла гардид. Сӯхтор 500 гектарро дар наздикии осоишгоҳи баҳрии Аржел — сюр – Мер дар ҷануби Фаронса ва дар наздикии марз бо Испания фаро гирифт.

Мақомот баён намуданд, ки сӯхтор бартараф  шудааст, аммо он рӯзи сешанбе ҳанӯз ҳам зери назорати ҷиддӣ қарор дошт. Рӯзи чоршанбе одамон ба қароргоҳҳои худ баргаштанд.

Ба иттилои сӯхторнишонони маҳаллӣ, бар асари алангаи оташ яке аз қароргоҳҳо ва як манзил хароб шуда, дар натиҷа аз 350 то 400 нафар бе сарпаноҳ мондаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: БЕЛТА

Август 17, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд