ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, якшанбе, 218-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 6, 2023 08:00

6 августи соли 2021  дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

6 августи соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб дар иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  шинос шуданд.

6 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи байналмилалии  «табибон барои сулҳ».

***

Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.

РӮЙДОДҲО:

6 августи соли 2022 Китоби Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад.

***

6 августи соли 2021 Форуми 3-юми намояндагони ВАО-и кишварҳои аъзои СҲШ таҳти раёсати АМИТ «Ховар» тариқи онлайн доир  шуд

***

6 августи соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификат ва кимоно супорида шуд.

***

6 августи соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Дамир Дӯстмуҳаммадов-соли 1941-оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).

Август 6, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад