ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, якшанбе, 218-умин рӯзи соли 2023 аст
6 августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
6 августи соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб дар иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ шинос шуданд.
6 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи яроқи ядроӣ.
***
Рӯзи байналмилалии «табибон барои сулҳ».
***
Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.
РӮЙДОДҲО:
6 августи соли 2022 Китоби Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад.
***
6 августи соли 2021 Форуми 3-юми намояндагони ВАО-и кишварҳои аъзои СҲШ таҳти раёсати АМИТ «Ховар» тариқи онлайн доир шуд
***
6 августи соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификат ва кимоно супорида шуд.
***
6 августи соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Дамир Дӯстмуҳаммадов-соли 1941-оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






