ТАХТИ САНГИН. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба 2500-солагии он конференсияи ҷумҳуриявӣ ва озмун доир менамояд
ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин моҳҳои сентябр ва октябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ ва озмун доир мегардад. Дар ин хусус Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ ва озмун заминаи мусоид барои шинос шудани донишҷӯён бо таърихи аҷдодӣ ва ниёгон буда, дар ташаккули худшиносию ҳувияти миллии ҷавонон ва таҳкими ҳофизаи таърихии онҳо нақши муассир мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада кафедраи «Бойгоншиносӣ» ва ихтисоси осорхонашиносӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз он оид ба ёдгориҳои бостонии мамлакат маълумот мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки ёдгории таърихии «Тахти Сангин» дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд






