Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Гавайя ба 114 нафар расид
ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар ҷазираи Мауи иёлоти Гавайяи ИМА ба беш аз 114 нафар расид. Аллакай беш аз 60% майдони сӯхтор аз назар гузаронида шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.
Тавре дар идораи полиси минтақа иттилоъ доданд, шумораи умумии ҳалокшудагон ба 114 нафар расид, ки рӯзи панҷшанбе он 111 нафарро ташкил медод. Тавре губернатори иёлати Гавайя Ҷош Грин дар муроҷиати телевизионӣ иброз дошт, бо идомаи амалиёти ҷустуҷӯӣ теъдоди ҳалокшудагон рӯз ба рӯз меафзояд.
Дар амалиёти ҷустуҷӯӣ тақрибан 470 нафар наҷотдиҳанда ва 40 саги махсус омӯзонида иштирок доранд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






