Теъдоди ҳолатҳои бемории табларзаи денге дар Бангладеш аз 100 000 нафар гузашт

Август 23, 2023 15:34

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин моҳ дар Бангладеш шадидтарин авҷи табларзаи денге дар таърих ба амал омад. Беш аз 50 000 ҳолати беморӣ ва 234 фавт сабт гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

Тибқи маълумоти расмии Сарраёсати тандурустӣ ( DGHS ), танҳо моҳи август 50 359 ҳолати табларза сабт шудааст.

Рӯзи душанбе дар кишвар 9 ҳолати фавт аз табларза дар 24 соати охир сабт гардидааст, ки дар натиҷа шумораи ҳалокшудагон ба 485 нафар расид.

Коршиносони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла энтомологҳо аз он изҳори нигаронӣ менамоянд, ки имсол шумораи ҳодисаҳои гирифторӣ ба табларзаи денге ва фавт метавонад аз ҳад гузарад, зеро шумораи ҳодисаҳои гирифторӣ ва марг меафзояд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 23, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад