«ТОҶИ СОМОН». Нахустин синамоҷашнвораи байналмилалӣ дар Душанбе доир мегардад

Август 6, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар Душанбе нахустин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки синамогарони давлатҳои хориҷӣ дар нахустин ҷашнвораи байналмилалии синамоии «Тоҷи Сомон» иштирок намуда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш гузоранд.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Мақсади он аз дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» иборат мебошад.

Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» барои мутахассисони соҳаи кинои байналмилалалӣ арсаи муҳим арзёбӣ гардида, дар он синамогарони маъруфи давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок менамоянд.

Дар ин робита тартиби баргузории Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” омода гардида, кумитаи тадорукот, инчунин нишон, рамз ва «Шоҳҷоиза»-и Синамоҷашнвора таҳия ва тасдиқ гардидааст. Нишон бо нақшҳои миллӣ оро ёфта, дар дохили рамз тоҷ ҷойгир аст ва дар атрофи он бо ҳуруфоти англисӣ «Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе», «Таърихи рушди тоҷикон» навишта шудааст. «Шоҳҷоиза» дар шакли ҳайкали Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон интихоб гардида, бо сифати баланд омода мешавад.

Дар доираи Синамоҷашнвора ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ, намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе, дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ шудааст. Рӯзҳои кинои давлатҳои хориҷӣ ва намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои «Наврӯз», «Ватан», «Зебуннисо» ба роҳ монда шуда, меҳмонони Синамоҷашнвора аз мавзеъҳои таърихии сайёҳии Тоҷикистон, аз қабили Осорхонаи миллӣ, Маҷмааи «Истиқлол», «Кохи Наврӯз», Қалъаи Ҳисор, дараҳои Варзоб, Ромит, Қаратоғ, истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ», обанбори Норак ва ғайра боздид хоҳанд намуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд