ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ҚАДАМҲОИ УСТУВОР МЕГУЗОРАД. Дар партави қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038

Август 11, 2023 17:08

ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид гардида, аз ҳамон давра барои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои СММ заминаи мустаҳкам гузошт. Таъкид намудан ба маврид аст, ки бо мақсади дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2002 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои ухдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки дар давраи солҳои 2010-2023 Тоҷикистон се маротиба расмиёти шарҳи умумии давриро гузашта, гузоришҳоро ба мақомоти қарордодии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намудааст. Ҳамчунин ёздаҳ нозир-намояндаи расмиёти махсус бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва дар натиҷа, зиёда аз 1000 тавсия пешниҳод шудааст, ки қариб ҳамаи масъалаҳои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро фаро гирифтаанд.

Ногуфта намонад, ки аз соли 2013 инҷониб дар Тоҷикистон 20 нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ қабул шудааст, ки онҳо маҷмуи чорабиниҳоро барои иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти масъули давлатиро пешбинӣ мекунанд.

Дар баробари ин, дар мамлакат ҳуҷҷатҳои гуногуни стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кўдакон барои солҳои 2017-2021, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазонамуда барои солҳои 2020-2024, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кўдакон барои солҳои 2023-2027 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, қабул шудааст ва азму талошҳои доимӣ ва тадбирҳои бетаъхири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд собит менамояд.

Тавре таъкид мешавад, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023 тасдиқ гардидааст, ҳамаи нақшаҳои миллии мавҷуда ва қабулшаванда оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад ва воситаи самараноки амалӣ гардонидани сиёсати ягона дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ногуфта намонад, ки Стратегияи миллӣ дар асоси тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ дар самти ҳуқуқи инсон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2023 пешниҳод гардида буданд, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар доираи Рўзнома дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 қабул шудааст, таҳия гардидааст ва қабул шудани он ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ муосидат менамояд. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 воқеан ҳам иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад ва он аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои соҳавии СММ, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор таҳия ва қабул гардидааст.

Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Директори АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2023 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»