Туркия бинобар болоравии нархҳо ва хушксолӣ дар Аврупо содироти равғани зайтунро манъ намуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Туркия тасмим гирифтаанд, ки бинобар болоравии ҷаҳонии нархҳо содироти равғани зайтунро то 1 ноябр манъ намоянд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Вазорати савдои Туркия хабар додааст.
«Вазорат тасмим гирифт, ки барои содироти равғани зайтун дар шиша ва бочкаҳо то оғози ҳосили навбатӣ — 1 ноябри соли 2023 чораҳои иловагӣ ҷорӣ намояд», — гуфта шудааст дар изҳороти вазорат.
Дар он ҳамчунин омадааст, ки истеҳсоли равғани зайтун дар ҷаҳон аз сабаби хушксолӣ дар Италия ва Испания 20% коҳиш ёфтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






