Уқёнусҳои Замин аз сабаби тағйирёбии иқлим рангашонро иваз менамоянд

Август 27, 2023 10:26

ДУШАНБЕ, 27.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳвораҳои NASA нишон медиҳанд, ки беш аз нисфи Уқёнуси ҷаҳонӣ аз сабаби тағйирёбии иқлим, ки экосистемаҳои баҳриро халалдор месозад, сабз шудаанд. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Euronews хабар додааст.

Тағйироти аҷиби ранги уқёнус боиси таҳқиқоти олимон гардидааст. Маълумоти моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли 20 соли охир дар 56% -и ҳудуди Уқёнуси ҷаҳонӣ тағйирёбии ранг аз кабуд ба сабз ба амал омадааст. Ин тағйирот махсусан дар минтақаҳои тропикии наздик ба экватор ба назар мерасад.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин сабзшавии каме  намоёни уқёнусҳо нишон медиҳад, ки тағирёбии иқлим ба ҳаёти зериобӣ таъсир мерасонад.

Тавре муаллифони таҳқиқот мегӯянд, тағйирёбии ранги уқёнус метавонад тағйиротро дар ҳолати экосистемаҳои он инъикос намояд. Ранги кабуди амиқ нишондиҳандаи паст будани сатҳи зиндагӣ дар зери об ва сояҳои сабзи он баръакс ба афзоиши фаъолияти растаниҳои зериобӣ ишора мекунанд.

Барои омӯзиши амиқи тағйироти ранги уқёнус моҳи январи соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, ки киштии кайҳонии NASA бо номи Pace сар дода шавад. Он маҷмуи ҷисмҳои растанӣ ё ҳайвоноти баҳрӣ, аэрозолҳо, абрҳо ва экосистемаи уқёнусро мушоҳида менамояд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 27, 2023 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд