Варзишгарони минтақаи Кӯлоб дар 6 моҳ соҳиби 535 медал гардиданд
КӮЛОБ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони минтақаи Кӯлоб дар 6 моҳи соли 2023 дар 144 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 25 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 535 медал, аз ҷумла 133 медали тилло, 175 медали нуқра ва 227 медали биринҷӣ гардиданд. Чунин хабар дода шуд зимни нишасти матбуотӣ дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Мадина Расулова.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки варзишгарони минтақа дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 15 медали тилло, 14 медали нуқра ва 19 медали биринҷӣ шуданд.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар минтақаи Кӯлоб 16 мактаби варзишӣ фаъолият менамояд. Дар ин давра аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб 110 мусобиқаи интихобии минтақавӣ аз рӯи 11 намуди варзиш бо фарогирии 3740 нафар варзишгар гузаронида шудааст.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






