Варзишгарони Тоҷикистон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омода мешаванд

Август 22, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 22.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Роҳҳои бартараф намудани монеаъҳои психологии варзишгарон ҳангоми иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарзи дурусти ғизогирии онҳо»-таҳти чунин унвон бо мақсади аз ҷиҳати равонӣ омода намудани варзишгарон ва мураббиёни дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе давоми ду рӯз машварати омӯзишӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Машварат аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» доир шуда, дар он варзишгарон ва мураббиёни дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории он баланд бардоштани донишҳои равонии варзишгарон ва мураббиён, аз ҷиҳати равонӣ ва физиологӣ омода намудани онҳо ба баргузории Бозиҳои осиёӣ, ки моҳи сентябр-октябри соли 2023 дар шаҳри Гуанжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин доир мегардад, мебошад.

Дар машварати омӯзишӣ мутахасисони соҳа ба шунавандагон доир ба мавзуъҳои психологӣ ва физиологӣ дарс гуфтанд.

АКС:  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 22, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд