Вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро тақвият мебахшанд

Август 24, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи Узбекистон оид ба ташкил ва расонидани хизматрасонии давлатӣ ва рушди ҳамкорӣ дар самти мазкур 23  август дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар вохӯрии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Узбекистон Акбар Ташкулов  баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди хизматрасонии давлатӣ ибрози назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Узбекистон қарор дорад. Ба ин ҳайат роҳбарони вазоратҳои молия, адлия ва Бонки миллӣ шомил мебошанд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 24, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст