Вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи Узбекистон оид ба ташкил ва расонидани хизматрасонии давлатӣ ва рушди ҳамкорӣ дар самти мазкур 23 август дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар вохӯрии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Узбекистон Акбар Ташкулов баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни ҳуқуқ ва масъалаҳои рушди хизматрасонии давлатӣ ибрози назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Узбекистон қарор дорад. Ба ин ҳайат роҳбарони вазоратҳои молия, адлия ва Бонки миллӣ шомил мебошанд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






