Ёсин Бобокалонов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 август дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон рақобатҳои вазнҳои -60 кг, -66 кг байни мардҳо ва -48 кг, -52 кг байни духтарон баргузор шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тоҷикистонро дар ин рӯзи мусобиқа Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни то 60 кг, Муҳаммадин Лоиқов ва Ворис Назаров дар вазни то 66 кг муаррифӣ намуданд. Аз байни онҳо ҷудочии наврас Ёсин Бобокалонов дар вазни то 60 кг маҳорати воло нишон дода, бо мағлуб кардани ҳарифон то ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Ёсин Бобокалонов дар даври аввал озод буда, дар даврҳои баъдӣ бо мағлуб намудани Лай Мин-Янг аз Тайпеи Чин, Бруно Нобрега аз Бразилия, Данюло Кравченко аз Украина ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт ва аз Ижак Ашпиз аз Исроил мағлуб шуда, барои медали биринҷӣ бо Тудор Мосой аз Руминия гӯштин гирифта, бо як имтиёзи вазарӣ музаффарият ба даст овард.
Ғолибони вазни -60 кг:
1.Ижак Ашпиз (Исроил)
2. Муҳаммад Мусоев (Озарбойҷон)
3.Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)
3. Симас Поликевисиус (Латвия)
Хотиррасон мешавем, ки имрӯз дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон дар шаҳри Загреби Хорватия рақобатҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг -90 кг +90 кг байни мардҳо ва -63 кг, -70 кг +70 кг байни духтарон доир мешаванд. Тоҷикистонро Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 73 кг намояндагӣ менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






