Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ханжоу муайян шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар Бозиҳои Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, муайян шуд. Аз ин намуди зебои варзиш Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар- Фотимахон Гадоева дар вазни 48 кг, Хушдил Ҷафаров дар вазни 62 кг, Рамшед Абдуллоев дар вазни 69 кг, Абдураҳмони Баҳромҷон ва Меҳроҷ Камолов дар вазни 77 кг ва Хушбахт Раҳмихудоев дар вазни 85 кг муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд. Тоҷикистонро дар он беш аз 100 варзишгар намояндагӣ менамоянд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барои иштирок дар Бозиҳои XIX Осиё аз ҷониби 45 кумитаи миллии олимпӣ — аъзои Шурои олимпии қора ба кумитаи тадорукоти бозиҳо дархост пешниҳод шудааст. Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст.
Дар ин бозиҳо бори аввал оид ба киберварзиш ва брейк-данс мусобиқот баргузор мешаванд. Иштироки варзишгарони тоҷик ба ҷуз аз ҷудо дар намудҳои бокс, варзиши сабук, гӯштини озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва шоҳмот дар назар аст.
Бозиҳои XIX Осиё дар 54 майдони варзишӣ дар шаҳри Ҳангжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян — Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Ҳучжоу баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиё шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки чор тилло, шаш нуқра ва ҳабдаҳ биринҷӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






