Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ханжоу иштирок менамояд

Сентябрь 2, 2023 18:28

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 сентябр то 5 октябри соли равон дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Бозиҳои Осиёӣ баргузор мегарданд, ки дар он ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти сатҳи баланд дар намуди варзишии ҷудо 11 варзишгар намояндагӣ менамоянд.

Инҳо Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кг, Аҳлия Муминова дар вазни то 52 кг, Фазилат Гулбоева дар вазни то 57 кг, Мавлуда Одинаева дар вазни то 57 кг, Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг, Исроил Раҳимов дар вазни то 100 кг ва паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2023 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд