Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Томск тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 05.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода устодони донишгоҳ дар Форуми байналмилалӣ «Оид ба сиёсати устувор, мустақилияти бисёрвекторӣ ва технологӣ дар шароити муосир», ки бахшида ба 145-солагии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Томск дар шаҳри Томски Федератсияи Русия доир шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омода аст, ки дар доираи шартномаи ҳамкорӣ фаъолияти худро дар ҳама гуна самтҳои таълим ва илм бо Донишгоҳи давлатии Томск рушд диҳад.
Зимни форум масъалаҳои табодули устодону магистрантон ва донишҷӯён, мактабҳои тобистона, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, қабули хатмкунандагони зинаи бакалавр дар зинаи магистрӣ, омодакунии кормандони илмӣ, таҳқиқи маводи маҳаллӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки дар айни замон дар базаи Донишгоҳи давлатии Томск зиёда аз 11 нафар аспиранту магистрантон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмиву таълимӣ мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Томск аз 21 институту факултет иборат буда, дар он 27 академик, 500 доктори илм, профессор, 1300 номзади илм фаъолият мебаранд. Дар донишгоҳ 250 ихтисос амал менамояд, ки дар онҳо 15 ҳазору 197 нафар донишҷӯ аз 67 давлати ҷаҳон (3525 нафар донишҷӯ) таҳсил доранд.
Имрӯз ин донишгоҳ аз рӯи рейтинги QS (дар ҷаҳон дар ҷойи 264 ва дар Русия дар ҷойи 4) дар қатори 300 донишгоҳи пешқадами ҷаҳон қарор дорад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






