БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад

Сентябрь 21, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр Рӯзи устод Рӯдакӣ дониста мешавад. Ба ин муносибат дар зер андешаҳои доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон оид ба устод Рӯдакӣ ҳамчун падидаи нодири забонӣ ва адабии аҳди Сомониён манзур мегарданд.

— Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати Сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳо аст, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забонҳо қарор гирифтааст. Ин ҳақиқат, ки «султони шоирони ҷаҳон»- устод Рӯдакӣ парвардаи хони давлату неъмати Сомониён аст, ҷойи шакку шубҳа надорад ва худи ӯ ҳам ин матлабро возеҳан таъкид намудааст:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Шукуҳи шуҳрат ва танин андохтани сурудаҳои ӯ дар олами он рӯзгор низ то ҷое ба сиёсати забонию фарҳангии амирони фозили сомонӣ, ки дар як ҳудуди бузурги ҷуғрофӣ доман густарда буд, бастагию пайвастагӣ дорад:

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Эҳтимол Рӯдакӣ дар рӯзгори ҳукмронии Аҳмад ибни Исмоил (907-914) ба дарбори Сомонӣ пазируфта шуд, вале авҷи шуҳрату эътибори ӯ ба замони ҳукмронии Наср ибни Аҳмад (914-943) ва вазири донишманди ӯ Абулфазли Балъамӣ рост меояд.

Воқеан устод Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмад мақоми маликушшуароӣ ёфт ва бо ташвиқи ҳамин амири сомонӣ, ки ба забону адаби мо муҳаббати фаровон дошт, «Калила ва Димна»-ро ба назм овард, ки ин матлаб дар муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таъкид шудааст. Қасидаи маъруфи устод Рӯдакӣ «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён», ки намунаи олии сухани шевои тоҷикӣ маҳсуб гардида, суруди миллии тоҷикони ҷаҳон барои ҳамаи давру замонҳо аст, бо тарғиби Абулфазли Балъамӣ дар васфи ҳамин амири сомонӣ суруда шудааст ва дар бобати чигунагии сурудани он дар чанд таърихномаву тазкира, аз ҷумла дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ нақли зебои муфассале омадааст. Забони қасидаи мазкур чун дигар ашъори устод Рӯдакӣ дар камоли зебоӣ ва содагию равонӣ аст. Аз ҳамин ҷост, ки Садриддини Айнӣ услуби шеъри устод Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» ном бурдааст:

Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме.
Реги Омую дуруштий роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме…

Шояд фазилати ҳамин забони содаву баёни ширин аст, ки сурудаи мазкури Рӯдакӣ аз оғоз то имрӯз истиқболи гарм пайдо намуд ва шоирони ҳар давру замон ба он назираҳои фаровон гуфтаанд.

Садоқату иродати фаровони устод Рӯдакӣ ба хонадони сомонӣ, ба хусус ба амири ҷавонмарги ин сулола Наср ибни Аҳмад бастагӣ ба асолати миллӣ ва донишу хиради азалӣ дорад:

Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к
 Модари озодагон кам орад фарзанд.
Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне
Роду сухандону шермарду хирадманд.

Дар пораи шеърии ёдшуда ибораи «модари озодагон» далолат ба асилзодагии Сомониён дорад ва чунин ба назар меояд, ки устод Рӯдакӣ озодзодагӣ ва асолату хирадро мояи ифтихор медонад ва андешаҳои хештаншиносию ватанхоҳияш аз ҷӯйи ҳикмати пешиниёни шарафманди мо ва равияи шуубия об мехӯрад. Хирадро дар баробари тандурустӣ, хушахлоқӣ ва некномӣ аз унсурҳои чоргонаи раҳоӣ аз ғаму андӯҳ арзёбӣ доштани Рӯдакӣ ҳам бастагӣ ба ҳикмати озодагон дорад:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хуи неку номи неку хирад.

Аслан, устодии Рӯдакӣ дар забони модарии мо ҷойи баҳс надорад ва камоли забону адаби мо аз осори ӯ ибтидо мегирад. Бархе аз донишмандон ҳамчунин таълифи фарҳанги «Тоҷу-л-масодир фӣ луғати-л-фурс»-ро ба устод Рӯдакӣ нисбат медиҳанд, ки мутаассифона, ин фарҳанг то замони мо нарасидааст. Зимнан бояд гуфт, ки баъзе аз сурудаҳои Рӯдакӣ тафсири маводи луғавии фарҳангро ба  ёд меоранд: некбахт (Некбахт он касе, ки доду бихӯрд), шӯрбахт (Шӯрбахт он ки ӯ нахӯрду надод)…

Вале ҷойи таъкид аст, ки устод Рӯдакӣ дар офаридани мазмунҳои борику рангин ва тасвирҳои ширину дилнишин ба забони модарии мо ниҳоят табъи расо ва завқи салим доштааст, ки бо гузаштани бештар аз ҳазор сол имрӯз ҳам онҳо беҳтарин намунаи мазмунофарию тасвирсозии шоирона дониста мешаванд. Ташбеҳҳои беназиру дилпазири офаридаи «устоди шоирони ҷаҳон» то ба ҳол дилҳои аҳли завқро тасхир менамоянд:

Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши Офтоб астӣ…

Таркиби луғавии сурудаҳои шоирро асосан калимаҳои мансуб ба гурӯҳҳои гуногуни луғавӣ ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки бештари калимаву таркибҳои зебову дилоро, ки дар сурудаҳои устод Рӯдакӣ истифода шудаанд, реша дар забони зиндаи мардуми рӯзгори ӯ доранд ва аксари онҳо имрӯз ҳам дар гуфтори ҳамарӯзаи мо истифода мешаванд. Барои намуна, масалан, ибораи «гули садбарг» ё калимаҳои «базеб», «яксара», ки дар порчаи шеърии зер омадаанд, дар ҳамин шумор мебошанд:

Гули садбаргу мушку анбару себ,
Ёсамини сапеду мурди базеб
Ин ҳама яксара тамом шудаст,
Назди ту, эй бути мулукфиреб.

Устод Айнӣ калимаҳое чун хошок, дош, хархаша ва фартутро «калимаҳои кӯчагии тоҷикӣ» ба шумор овардааст, ки шоир дар ашъораш аз онҳо истифода кардааст:

Пири фартут гашта будам сахт,
 Давлати ӯ маро бикард ҷавон.

Воқеан, калимаҳои гуфтугӯии омиёна ҳам, аз қабили модандар, писандар, духтандар, гурбарӯй… дар ашъори шоир доираи муайяни корбурд доранд:

Ҷуз ба модандар намонад ин ҷаҳони гурбарӯй,
 Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро.

Як вижагии хоси забони сурудаҳои устод Рӯдакӣ ин аст, ки дар ашъори ӯ ибораҳои рехта ва таъбирҳои маҷозии зебову шево, аз қабили ғам хӯрдан (Ба рӯзи неки касон гуфт: То ту ғам нахӯрӣ), забон ба банд будан (Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст), аз гузашти рӯзгор омӯхтан (Ҳар кӣ номухт аз гузашти рӯзгор), дил сер нагаштан (Дил сер нагардадат зи бедодгарӣ), чашм об нагирифтан (Чашм об нагирадат, чу бар ман нигарӣ), аз ҷон дӯсттар доштан (Ин турфа, ки дӯсттар зи ҷонат дорам), аз сад ҳазор душман батар будан (Бо он ки зи сад ҳазор душман батарӣ), ҳар чӣ бодо бод (Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс, / Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод! )… ибораҳои изофӣ, ки яке аз ҷузъҳои онҳо бо маънои маҷозӣ омадааст: чашми дил (Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон), дайри мукофот (Бас таҷриба кардем дар ин дайри мукофот), манзили ғам (Дар манзили ғам фиканда мафраш моем), дасти хуши рӯзгор (Дасти хуши рӯзгори нохуш моем), хуршеди ҷаҳонсӯз (Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод), чароғи оламафрӯз (Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод)… ба таври фаровон истифода шуда, аз завқу салиқаи баланди забондонии ӯ хабар медиҳанд.

Истифодаи босамари зарбулмасалу мақол, панду ҳикмат ва воситаҳои дигари тасвири бадеӣ ба сурудаҳои устод Рӯдакӣ шукуҳу шаҳомати хос бахшидааст:

Чӣ хуш гуфт муздур бо он хадеш:
«Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш».

Дар байти гуфташуда калимаи «муздур» ба маънии он ки бо музд кор мекунад ва «хадеш» ба маънии кадбонуи хона аст, ки имрӯз калимаи охир аз истифода баромадааст, вале зарбулмасали «Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш» дар шакли такмилшудаи «Ҳар кӣ кунад, ба худ кунад, /Гар ҳама неку бад кунад» ҳанӯз мавриди истифода қарор дорад.

Ё гунаи адабии мақоли маъруфи имрӯзаи «як дари баста, сад дари кушода»:

Дурусту рост кунад ин масал Худой варо:
«Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикушод».

Баъзе сурудаҳои худи ӯ низ бо мурури замон ба сифати зарбулмасалу мақол ва панду андарз дар байни мардум шуҳрат пайдо намудаанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Рӯдакӣ ба расми қадим ҷашни Меҳргонро ҷашни «шоҳону хусравон» медонад ва аз омадани ин ҷашн ба амири сомонӣ мужда расонидааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Баъзе вожаҳое, ки дар осори Рӯдакӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, имрӯз танҳо дар баъзе гӯишҳои забони тоҷикӣ боқӣ мондаанд ва дар кишварҳои ҳамзабон истифода намешаванд. Масалан: варғ (ҷойи оббанду обкушо) (Банди варғи сусти пуда бифканад), коза (каппа) (Ҷой кард аз баҳри будан козае), тундар (раъд) (Наффот – барқи равшану тундар-ш – таблзан), хусур (падарарӯс) (Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ), модандар (модари ӯгай, ки дар мо моиндар ҳам мегӯянд) (Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро), писандар, духтандар (Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро) ва ғ.

Яке аз хизматҳои бузурги устод Рӯдакӣ дар забону адабиёти мо ба назм овардани асарҳои маъруфи «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома» аст. Ҳарчанд аз ин ду манзумаи гаронбаҳои устод то замони мо қисмати ночиз боқӣ мондааст, вале ҳамин қисматҳои боқимонда ҳам арзиши ниҳоят баланди забонию фарҳангӣ доранд. Масалан, муҳаққиқон панди маъруфи «Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,/ Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор»-ро байти оғози манзумаи «Калила ва Димна» донистаанд.

Эҳтимол устод Рӯдакӣ дар баробари забони модарӣ ва арабӣ ҳамчунин забони паҳлавиро низ медонистааст ва «Синдбоднома»-ро аз ин забон мустақиман тарҷумаи манзум намудааст. Ёдкарди андарзномаҳои паҳлавӣ дар ашъори Рӯдакӣ далели мустанад бар паҳлавидонии ӯ аст:

Сирати ӯ буд ваҳйнома ба Кисро,
Чунки ба ойин-ш панднома биёканд.

Рӯдакӣ ҳамчунин аз Авесто ва Занд, ки тарҷумаву тафсири Авесто аст, огоҳ будааст. Вай дар шеъре, ки ба Наср ибни Аҳмад бахшидааст, фазли ӯро ба Авесто ва сирати ӯро ба Занд, яъне, шарҳи он қиёс кардааст:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ Занд.

Муаррихону муҳаққиқон ҳамчунин ба ин андеша мебошанд, ки устод Рӯдакӣ овози хушу лаҳни дилкаш дошт ва бо чангу барбату руд сурудаҳои худро тараннум менамуд. Худи вай ҳам ба ин маънӣ чунин ишора дорад:

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

Ҳамин аст, ки аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ мисли намунаи зер дарунмояи азалии мусиқии шеъри тоҷикӣ эҳсос мегардад:

Гули баҳорӣ, бути таторӣ,
Набид дорӣ, чаро наёрӣ?!
Набиди равшан чу абри баҳман,
Ба назди гулшан чаро наборӣ!

Ин нукта ҷойи баҳс надорад, ки устод Рӯдакӣ бо осори мондагори худ ба забону адаби мо умри ҷовидон бахшидааст ва дар ҳар давру замон бузургтарин шоирону адибони мо аз осори ӯ таъсир пазируфтаанд.

Ҳосили сухан, устод Рӯдакӣ дар таърихи куҳани забони модарии мо аз бузургтарин устодон аст, ки ширинию шевоӣ, шукуҳу шуҳрат ва рушду боландагии ин забон дар аҳди Сомониён ва давраҳои баъдӣ бо осори мондагори ӯ иртибот ва пайванди ногусастанӣ дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди китобдорӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
ҲИФЗИ НАЗМУ ТАРТИБОТ ВА СУБОТУ ОРОМӢ. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад
СИТРУСПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 7 навъи меваи ситрусиро парвариш менамояд
Масъалаи ҳамкории Институти Гёте бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶИНОЯТКОРӢ БАЙНИ НОБОЛИҒОН ТАШВИШОВАР БОҚӢ МЕМОНАД? Баҳри пешгирии он чӣ бояд кард?
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Дар Беларус Рӯзи синамои Тоҷикистон баргузор гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад
«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд
ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид