Байни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба миқдори 82,1 млн доллар шартномаҳо ба имзо расиданд

Сентябрь 12, 2023 17:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз рӯйи натиҷаҳои Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон ба миқдори 82,1 млн доллари ИМА шартномаҳо ба имзо расонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни мубодилаи ҳамкорӣ ва гуфтушунидҳои дуҷониба байни доираҳои соҳибкорӣ оид ба ҳамкории минбаъда дар самтҳои зимни ҳамоиш муаррифишуда тавофуқ ҳосил гардид.

Тавре қаблан хабар додем, ин ҳамоиш дар чаҳорчӯби Вохӯрии  панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир шуд, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ҳамоиш 15 ширкати тавлиди хӯрокворӣ, сохтмон, нафтӣ, кимиё, IT, дорусозӣ аз Қазоқистон иштирок доштанд, ки ба Тоҷикистон молу хадамот содирот менамоянд ва ё дар нақша доранд, ки минбаъд содир намоянд.

Ҳамзамон аз ҷониби Тоҷикистон 70 намояндаи ширкатҳои пешқадам иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба ҷониби Қазоқистон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» муаррифии имконияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин навор оид ба фаъолияти ширкати гуногунсоҳаи «Авесто Групп» намоиш дода шуд.

Ҳамоиш аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии Маркази рушди сиёсати савдои «QazTrade» ташкил шуда, ҳадаф аз баргузории он рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба шумор меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2023 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд