БОКС. Муштзанони тоҷик Асрор Воҳидов ва Муҳаммад Аброриддинов Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро бо ғалаба оғоз намуданд

Сентябрь 27, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муштзанони тоҷик Асрор  Воҳидов ва Муҳаммад Аброриддинов Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро бо ғалаба оғоз намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Асрор Воҳидов (-57 кг) дар даври аввал бар Сулия Хамми аз Лаос зафар ёфта,  30 сентябр бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш рақобат менамояд.

Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг дар нахустин рақобат  бар намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Алхефити ғалабаи техникӣ ба даст оварда, 30 сентябр бо Баҳодир Жалолови узбекистонӣ қувва меозмояд.

Имрӯз муштзанони дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова (-52 кг) ба муқобили варзишгари Индонезия Новита Синадиа, Баҳодур Усмонов (-63 кг) ба муқобили Ертуган Зейнуллинови қазоқистонӣ ва Давлат Болтаев (-92 кг) ба муқобили намояндаи Туркманистон Асланбек Ачилов рақобат менамоянд.

Қаблан дигар муштзанони тоҷик Меҳрон Шафиев (51 кг), Довуд Маҳкамов ( 71 кг) , Бибинишастамо Холова (60 кг) ва Нигора Олимова (54 кг) дар аввалин қувваозмоӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҷудочиёни Тоҷикистон ба хазинаи дастаи мунтахаб дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 се медал, аз ҷумла 1 тилло (Сомон Маҳмадбеков), 1 нуқра (Темур Раҳимов) ва 1 биринҷӣ (Беҳрӯзи Хоҷазода) ворид намуданд.

Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз шуда, то 8 октябр меёбанд. Дар он 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш гузошта шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 138 варзишгар аз 18 риштаи варзиш иштирок дорад.

Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.

АКС: ТВ «Варзиш»

Сентябрь 27, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад