Бонки миллии Тоҷикистон ба Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» иҷозатномаи фаъолият дод
ДУШАНБЕ, 24.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бе муҳлат иҷозатномаи фаъолият дод.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тасмим бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» гирифта шудааст.
Тибқи хабари манбаъ, идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти марбутаро ворид намояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






