Чиптаҳо барои кино, театр ва консерт дар «МегаФон Life»
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар замимаи мобилии «МегаФон Life» хизматрасонии «Афиша» дастрас шуд. Он барои хариди чипта ба кино, намоишҳо, консертҳо, намоишгоҳҳои осорхонаҳо ва фестивалҳо кумак мерасонад. Хизматрасонии мувофиқ вақтро сарфа менамояд ва дигар ба хазина рафтану навбатпоӣ зарур нест.
Роҳи харид аз саҳифаи асосии замимаи «МегаФон Life» оғоз меёбад. Қисми «Афиша» дар қисми болои экран ҷойгир шудааст. Он дорои интихоби категорияҳо ва худи чорабиниҳо буда, инчунин дар он сатри ҷустуҷӯ мавҷуд аст. Дар ин сатр метавонед номи намоиш ё филмро ворид намуда, онро пайдо намоед.
Агар корбар, масалан, ба блокбастери нав таваҷҷуҳ дошта бошад, дар «Афиша» ба категорияи «Кино» гузаштан лозим аст. Баъдан, бояд номи филмро пахш намуда, кинотеатр, вақти намоиш, ҷой дар толор, намуди чиптаро, яъне барои калонсолон ё кӯдакон, интихоб ва тугмаи «Харидани чипта»-ро пахш намоед.
Маълумот дар бораи намоишгоҳҳо, намоиши филмҳо, консертҳое, ки дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мешаванд, аз ҷониби шарикони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешниҳод гардида, ҳамарӯза нав мешаванд. Дар сурати бекор намудан ё ба таъхир гузоштани чорабинии фарҳангӣ ташкилкунандагон арзиши чиптаҳои харидашударо бармегардонанд ё дар бораи сана ва вақти нави баргузории он огоҳ менамоянд.
Шумо метавонед дар як вақт аз «МегаФон Life» то 10 чиптаро барои дилхоҳ барномаи фарҳангӣ бихаред ва бо тамоми оила ё дӯстон ба он чорабинӣ равед. Шояд чиптаҳои бештар лозим аст? Танҳо аз нав вориди «Афиша» шавед. Ҳангоми харид маблағ аз «Ҳамён», аз корти бонкие, ки ба замима вобаста шудааст ё аз ҳисоби кешбэк гирифта мешавад.
Баъд аз пардохти бомуваффақият корбар огоҳии push мегирад ва ӯ ба таври автоматӣ ба қисми «Дарпешистода ва гузашта» равона мешавад, ки дар он маълумот дар бораи чиптаҳои харидашуда инъикос меёбад. Дар он ҷо рамзи QR мавҷуд аст, ки бояд дар даромадгоҳ ба назоратчӣ пешниҳод шавад. Инчунин ба харидор тавассути SMS истинод ба чиптаи электронӣ фиристода мешавад.
Дар айни замон хизматрасонии «Афиша» ба корбарони намунаи охирини замимаи «МегаФон Life» дар смартфонҳо бо ТБ iOS (намуди 3.0.99) ва Android (намуди 3.0.102) дастрас аст. Замимаро аз сомонаи life.tj боргирӣ намуда метавонед.
Ҳаёти рангину ҷолиб дошта бошед ва бо «МегаФон Life» ба барномаҳои фарҳангӣ биёед!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






