Дар Беларус Анҷумани XX кушоди ҷумҳуриявии азназаргузаронӣ — озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти «Муҳофиза» мегузарад

Сентябрь 6, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 8 сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Анҷумани XX кушоди ҷумҳуриявии азназаргузаронӣ — озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти (департаментҳои) «Муҳофиза»-и вазоратҳои корҳои дохилии Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар анҷумани мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Анварҷон Ализода ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Ҳамзамон дар баробари иштирок дар анҷумани мазкур иштирокчиён бо ташкили фаъолияти хизматии шуъбаи Октябри Департаменти муҳофизаи шаҳри Гродно, шуъбачаи Каменетскои Департаменти муҳофизаи ин шаҳр, шуъбаи Москваи Департаменти муҳофизаи шаҳри Брест ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Беларус аз наздик  шинос мешаванд.

Бояд гуфт, ки анҷумани мазкур ба васеъ гардидани имконият, мубодилаи таҷриба ва робитаҳои зичи касбӣ бо ҳамкорони дигар давлатҳо дар самти хадамоти муҳофиза мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд