Дар Беларус Анҷумани XX кушоди ҷумҳуриявии азназаргузаронӣ — озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти «Муҳофиза» мегузарад
ДУШАНБЕ, 06.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 8 сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Анҷумани XX кушоди ҷумҳуриявии азназаргузаронӣ — озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти (департаментҳои) «Муҳофиза»-и вазоратҳои корҳои дохилии Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мегузарад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар анҷумани мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Анварҷон Ализода ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.
Ҳамзамон дар баробари иштирок дар анҷумани мазкур иштирокчиён бо ташкили фаъолияти хизматии шуъбаи Октябри Департаменти муҳофизаи шаҳри Гродно, шуъбачаи Каменетскои Департаменти муҳофизаи ин шаҳр, шуъбаи Москваи Департаменти муҳофизаи шаҳри Брест ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Беларус аз наздик шинос мешаванд.
Бояд гуфт, ки анҷумани мазкур ба васеъ гардидани имконият, мубодилаи таҷриба ва робитаҳои зичи касбӣ бо ҳамкорони дигар давлатҳо дар самти хадамоти муҳофиза мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






