Дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Сентябрь 13, 2023 19:46

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва  ҳамоҳанг намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ омодагии давлатҳои минтақаро ба ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъкид намуд. Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки давлатҳои минтақа ҳамеша хоҳиши муштарак ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар тамоми соҳаҳоро доранд, ташаббусҳои муштаракро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда пеш мебаранд, инчунин барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо саъй менамоянд.

С. Муҳриддин ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои дастгириҳояшон ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар давраи раёсати он дар механизми Ҷаласаҳои машваратӣ дар солҳои 2022-2023, аз ҷумла баргузории 16 чорабинии канорӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.

Вазирон якдилона бар ин назар буданд, ки ҳамкории доимӣ ва манфиатдор дар доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯз кафили расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди муштараки давлатҳои бародарии Осиёи Марказӣ мебошад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2023 19:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид