Дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва ҳамоҳанг намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ омодагии давлатҳои минтақаро ба ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъкид намуд. Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки давлатҳои минтақа ҳамеша хоҳиши муштарак ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар тамоми соҳаҳоро доранд, ташаббусҳои муштаракро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда пеш мебаранд, инчунин барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо саъй менамоянд.
С. Муҳриддин ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои дастгириҳояшон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати он дар механизми Ҷаласаҳои машваратӣ дар солҳои 2022-2023, аз ҷумла баргузории 16 чорабинии канорӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуд.
Вазирон якдилона бар ин назар буданд, ки ҳамкории доимӣ ва манфиатдор дар доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯз кафили расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди муштараки давлатҳои бародарии Осиёи Марказӣ мебошад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






