Дар Душанбе мусобиқаҳои варзишии волейбол ва тенниси рӯи миз оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишии волейбол байни мардону занон ва тенниси рӯи миз байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявии давлатию ғайридавлатӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабиниҳои мазкур 26 даста аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо байни ҳам рақобат менамоянд.
Мусобиқаҳои варзишии мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст шуда, ғолибону ҷоизадорон бо ҷом, диплом, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






