Дар Душанбе намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Нуробод баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Нуробод баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзон ва аҳли ҳунари ноҳияи Нуробод номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, нонию қаннодӣ ва намунаҳои қадимию муосири ҳунарҳои мардумии ноҳияро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






