Дар Хатлон оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ мулоқоти судманд доир шуд

Сентябрь 3, 2023 13:15

ДУШАНБЕ, 03.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид бо мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ вохурӣ намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо қанотмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Хатлон баён доштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардуми Чин сол то сол мустаҳкамтар гардида, дар тӯли ин солҳо робитаи ин ду халқи бо ҳам дӯсту бародар дар самти тиҷорат, сайёҳӣ, иқтисодиёт ва содироту воридоти молу маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмон ва амсоли он аз ҳар ду ҷониб бештар гардидааст, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.

Роҳбарияти вилоят иброз дошт, ки Хатлон яке аз калонтарин вилояти аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъминкунандаи 70 фоизи истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ мебошад. Таъкид шуд, ки дар вилояти Хатлон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва сайёҳӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум сол то сол баланд гашта истодааст. Дар вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам захираву имконияти истифоданашуда зиёд буда, бо ҷалби сармоя метавон дастовардҳоро афзун намуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки обу хоки минтақаи Хатлон ҳосилхез буда, тамоми истеҳсол ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷоту сабзавот табиӣ ва аз нигоҳи экологӣ тозаю безарар мебошад.

Мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ аз истиқбол ва меҳмоннавозии гарму самимии роҳбарияти вилоят изҳори минатдорӣ намуда, иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамагӣ дар зарфи се даҳсолаи охир ба натиҷаҳои баланди тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида, шарики боэътимоди Чин маҳсуб мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 3, 2023 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд