Дар Хоруғ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мусобиқаи шаҳрии шоҳмот баргузор гардид
ХОРУҒ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи шоҳмот ва шашкаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи навбатии шаҳрӣ аз намуди шоҳмотро ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Ин мусобиқа дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ва Ширкати «Помирэнерҷӣ» баргузор шуда, дар он 9 даста аз идораву муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ иштирок намуданд
Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаб аз идораву муассисаҳои вилояту шаҳр иштирок намуданд. Ҳар идораву муассиса ва созмонҳои ҷамъиятӣ ду нафар шоҳмотбози беҳтарини худро ба ин мусобиқа роҳхат доданд ва дар маҷмуъ 18 нафар давоми як ҳафта барои соҳиб шудан ба мақоми ифтихорӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Муовини раиси Федератсияи шоҳмоти вилоят Хусрав Рақамов гуфт, ки «дар таърихи фарҳанги миллӣ шоҳмот яке аз намудҳои варзиш аст, ки фикру андешаро ба ҷунбиш меорад ва таҳрик додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан яке аз аслҳои фарҳанги қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Варзиши фикрӣ ё шоҳмот, ки ба тамрини зеҳнӣ иртибот мегирад, қабл аз ҳама, андешаронию андешамандиро дар ботини инсон тавлид ва тавқият мебахшад. Бахусус ҷалби таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба ин намуди варзиш аз назари коршиносони масоили равоншиносӣ хеле муҳим мебошад. Федератсияи шоҳмот ва шашкаи вилоят минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа бозии шоҳмотро боз ҳам ҳам тарвиҷу ташвиқ намуда, ба ҳамин васила теъдоди шоҳмотбозони касбиро дар вилоят афзоиш диҳад ва барои иштирок дар мусобиқаҳои дохилию берунӣ барои онҳо шароити мусоид фароҳам орад».
Дар ин мусобиқа мақоми аввалро дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз они худ намуд.
Ҷои дуюмро дастаи «Аввалин Бонки хурди молиявӣ» ба даст овард. Дар ҷои саввум дастаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ қарор гирифт.
Ғолибони мусобиқа аз тарафи ширкати «Помирэерҷӣ» бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд






