БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад

Апрель 12, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 октябр то 13 ноябр пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар Бозиҳои 4-уми олимпии наврасонро мизбонӣ мекунад.

Ин нахустин маротиба аст, ки бозиҳои олимпӣ дар  давлати африқоӣ мегузаранд. Қарор буд, ки бозиҳои олимпии наврасон соли 2022 доир гарданд, вале бо сабаби пандемияи коронавирус он ба соли 2026 гузаронида шуд.

Ба барномаи бозиҳо 25 намуди варзиш ворид гардида, дар мусобиқот қариб 3000 варзишгари то 17-сола иштирок мекунанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, имсол тартиби интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии наврасон фарқ мекунад. Агар қаблан варзишгарон роҳхат мегирифтанд, ҳоло Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул кард, ки иштирокчиёни Бозиҳои олимпии наврасонро федератсияҳои байналмилалӣ дар асоси раддабандии ҷаҳонӣ интихоб намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 12, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд