Дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ гузаронида шуд

Сентябрь 20, 2023 10:39

ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр бо кормандони  беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаи тандурустӣ» суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯриҳо кормандони Агентӣ доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин васила паст намудани шиддати коррупсия ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия маъруза намуданд.

Ҳамчунин доир ба хавфу хатари экстремизм ва терроризм ба ҷомеа, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуданд.

Ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ оид ба оқибатҳои зараровари кирдорҳои коррупсионӣ дастрас гардида, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2023 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд