Дар Суғд бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиши идона баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки воқеан ҳам Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарини на танҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази фарҳангиву ҳунармандӣ ва тиҷоратӣ машҳур аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «шуҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барӯманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо намудааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи мамлакат мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шуҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд».
Маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Пешвои миллат дар шаҳри Хуҷанд садҳо корхонаҳои нави саноатӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ бунёд шуданд, ки саҳифаҳои дурахшони китоби таърихи шаҳр дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешаванд.
Алҳол корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, донишгоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, маҷмааҳои хизматрасонӣ ва фароғатӣ, боғу гулгаштҳои зебо, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ ва гӯшаҳои зебои сайёҳӣ мояи ифтихори на танҳо хуҷандиён, балки тоҷикону тоҷикистониён мебошанд. Хуҷанди бостонӣ имрӯз бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон ва дар маҷмуъ бо мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад.
Дар ҷамъомад дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ба сокинони гуногункасб унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» тақдим гардид.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи дохилию хориҷӣ ба барнома ҳусни дигар зам намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






