Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

Сентябрь 30, 2023 14:24

ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр зимни суханронӣ дар «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023» Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкории байналмилалӣ зиёд кардани ҳаҷм ва диверсификатсияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бо роҳи татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои баланд, аз қабили иттилоот ва телекоммуникатсия, ҳамкорӣ дар рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ, саноати мошинсозӣ ва кишоварзӣ, шабакаҳои нақлиётӣ ва истифодаи самараноки минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳадафи асосии мо барои солҳои оянда ба ҳисоб меравад.

«Аз ҳудуди Тоҷикистон чаҳор долони нақлиётӣ мегузарад, ки бозори кишварҳои минтақа ва берун аз онро ба ҳам мепайвандад ва ин долонҳо, дар навбати худ, ба афзоиш пайдо кардани гардиши савдои хориҷии кишвар заминаи мусоид мегузоранд, — тазаккур намуданд Рустами Эмомалӣ. — Дар давлати мо барои васеъ намудани заминаи содирот ва афзоиш додани муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ низ имкониятҳои бузург мавҷуданд».

Таъкид гардид, ки коркарди маҳсулот мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки дар таъмини бозорҳои минтақа бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таъмини амнияти озуқавории кишварҳоямон мусоидат намоем.

«Мо, ҳамчунин, дар самти амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе – дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноату энергетика, роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳо, ки ба беҳсозии инфрасохтори шаҳр ва таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинону меҳмонон равона гардидаанд, изҳор медорем», — иброз доштанд Раиси шаҳри Душанбе.

Рустами Эмомалӣ илова намуданд, ки таҳкими шарикии дарозмуддат ба хотири пешрафту тараққиёти давлатҳо бо ҷалби сармоягузорону соҳибкорон, инчунин, дастгирии иқдому ташаббусҳои созандаи онҳо яке аз ҳадафҳои асосии мо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2023 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд