Дар Қубодиён дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон баргузор шуд

Сентябрь 30, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Эҳёи таъриху фарҳанги бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашнвораи 2500 -солагии ёдгории таърихии Шаҳристони Тахти Сангин баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат  хабар медиҳад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар ҷаласа  оид ба ёдгориҳои фарҳангиву  таърихии  тоҷикон маърӯзаи пурмуҳтаво  намуда, гуфт, ки  Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху тамаддуни қадимии тоҷикон маҳсуб мешавад.

Гуфта шуд, ки ёдгории Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё» ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин  маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

АКС: Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт