ДАСТОВАРДҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР 32 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Муҳимтарини онҳо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст

Сентябрь 9, 2023 16:08

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои бузург дар соҳаи обу энергетика ноил гардид. Муҳимтарин дастовард дар соҳаи энергетика, пеш аз ҳама ин оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди НБО –и «Роғун» мебошад.

Комёбиҳои беназири Тоҷикистон дар соҳаи энергетика

Муҳимтарин дастовардҳо дар соҳаи энергетика- ин оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди НБО –и «Роғун», ба истифода додани ду агрегати ин иншооти бузурги аср, таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум»,  ба истифода додани НБО-и  «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир – 1», «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500- киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500- киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500-киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220-  киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран — 2», хатҳои интиқоли барқи 220-киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи САSA – 1000 аз  комёбиҳои Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти  энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд. Бо татбиқи ин лоиҳаҳо дар даҳ соли охир иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии ҷумҳурӣ 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110-киловолта  ба истифода дода шуданд.

Тоҷикистон — сарзамини дорои захираҳои обӣ

Мусаллам аст, ки бе соҳаи энергетика рушди иқтисодиёти мамлакат ногузир аст ва беҳуда энергетикаро локомотив ва пешбарандаи иқтисодиёт наномидаанд.

Тоҷикистон сарзамини дорои захираҳои бузурги обӣ буда, дар ҳолати истифодаи пурраи ин иқтидор ояндаи наздик  имкон фароҳам меояд, ки ҳам ба давлатҳои ҳамсоя неруи барқ зиёд интиқол дода шуда ва ҳам  эҳтиёҷоти иқтисодиёти милливу аҳолӣ пурра таъмин ва вазъи молиявии сокинон ба маротиб беҳтар гардад. Бо сохтмону пурра баистифодадиҳии НБО «Роғун»  мамлакатамон ба дастовари бузурги энергетикӣ муваффақ мегардад.

CASA-1000 тарҳи муҳим дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ

Барои интиқоли барқ дар мавсими  тобистон аз  Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон татбиқи лоиҳаи  байниминтақавии CASA – 1000 пешбинӣ гардид.  Татбиқи ин тарҳ самти муҳими рушди ҳамкорӣ бо Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар соҳаи энергетика буда, пурра амалӣ гардидани ин ҳадаф имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон баъди ба итмом расонидани сохтмони иқтидорҳои бузурги энергетикӣ таҳвилу содироти ҳаҷми боз ҳам бештари неруи барқи изофагиро ба кишварҳои минтақа пайдо намояд. Сарвари давлат борҳо хотиррасон намудаанд, ки дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои минтақаҳои кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст. Дар робита ба ин соли 2002 Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд нахустин лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусиро амалӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир — Энерҷӣ» — ро таъсис дод.

Дар солҳои  истиқлол дар Бадахшон 31 080 кВт иқтидори нави тавлиди неруи барқ таҷдид гардид

Зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон   31 080 кВт иқтидори нави тавлиди неруи барқ, аз ҷумла,  неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб  бо иқтидори 200 кВт бунёд гардида, 13592 кВт иқтидори мавҷуда таҷдиду навсозӣ шуд. Иқтидорҳои амалкунандаи истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят 100 фоиз аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергияи барқ мебошанд, ки ин дар шароити тағйирёбии иқлим дар сайёра масъалаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ мегардад. Дар давраи истиқлолият ба масъалаи ислоҳоти соҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани механизмҳои муосири бозорӣ, тиҷоратикунонии соҳа, ташаккули бозори энергетикӣ ва фазои рақобат байни иштирокдорон, таъмини шаффофият дар низоми энергетикӣ ва таъмини рушди устувори соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои  8-ум аст

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, ҷои аввалро захираҳои гидроэнергетикӣ бо иқтидори 527 млрд кВт соат/сол  ташкил медиҳанд. Тибқи ин нишондиҳанда, Тоҷикистон аз рӯи иқтидори

гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-умро соҳиб мебошад. Бо дарназардошти мавҷуд будани 200 рӯзи офтобӣ дар як сол ва дарёҳои хурду бузург дар ҷумҳурӣ ба азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, азхудкунии захираҳои обиву  офтобӣ тавассути неругоҳҳои хурду миёна амалӣ мешавад. Ҳамзамон масъалаи азхудкунии дигар намудҳои  манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи шамол, биомасса ва энергияи геотермалӣ  мавриди баррасӣ қарор дорад.


Дар Тоҷикистон 285 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори аз 5 то 4300 кВт бунёд гардидааст

Бо мақсади азхудкунӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳудуди  Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва баландкӯҳи мамлакат  бо неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва энергетикии кори неругоҳҳои хурд, фароҳам намудани шароит барои хизматрасонии бетаъхири неругоҳҳои барқи обии хурди мавҷуда, таъмири онҳо ва ҳамчунин мавҷудияти истеҳсоли таҷҳизот барои НБО-и хурд дар ҷумҳурӣ «Барномаи азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2016-2020» қабул гардид.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 285 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори аз 5 то 4300 кВт ба қайд гирифта шуда, калонтарини онҳо «Марзич» бо иқтидори 4300 кВт дар ноҳияи Айнӣ, «Сангикар» -1000 кВт дар Рашт, «Питовкул-2» -1100 кВт дар Лахш, «Кӯҳистон»-500 кВт  дар Кӯҳистони Мастчоҳ мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд