Доир ба муаррифӣ ва баррасии имконоти сармоягузории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифӣ ва баррасии имконоти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони бахши хусусии Корея иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода иброз намуд, ки робитаҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Корея сол ба сол вусъат ёфта, имрӯз дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ заминаҳои мусоиди ҳамкорӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ, содагардонии расмиёти иҷозатдиҳӣ, густариши шарикии тиҷоратӣ ва ҷалби технологияҳои муосир ба соҳаҳои иқтисодӣ маҷмуи тадбирҳои иловагӣ ва ислоҳоти институтсионалиро татбиқ мекунад.
Ҳамзамон аз ҷониби масъулини Кумита муаррифиномаи муфассал оид ба иқтидори сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории самти сармоягузорӣ, кафолатҳои ҳуқуқӣ, механизми созишномаи сармоягузорӣ, ҳамкории давлатӣ бо бахши хусусӣ ва самтҳои афзалиятноку манфиатбахш барои сармоягузорӣ пешниҳоди иштирокчиён гардид.
Дар ҳамоиш таваҷҷуҳи бештар ба самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетикаи «сабз», саноати коркард: коркарди маъдан, саноати нассоҷӣ, агросаноат, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсия, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ равона карда шуд.
Ба иштирокчиёни ҳамоиш қонунгузории сармоягузорӣ ва шароити дастгирии давлат шарҳ дода шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҷонибҳо барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






