Байни Тоҷикистон ва Корея оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Ноябрь 21, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд ширкати Ҷумҳурии Корея дар бораи оғози татбиқи се лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷкистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин лоиҳаҳо асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи муқаддимавии сохтмони маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб, лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ва лоиҳаи дастгирии машваратии гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанберо дар бар мегиранд.

Ин лоиҳаҳо тибқи Барномаи ҳамкории иқтисодии Бонки содироту воридоти Корея татбиқ гардида, аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи июли соли 2026 амалӣ карда мешаванд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 21, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд