Даври сеюми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ доир шуд

Сентябрь 18, 2023 10:56

ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз даври сеюми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2023 доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ хабар доданд.

Дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ аз 4 то 13 сентябри соли равон барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок намуданд.

Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 8739 нафар, аз ҷумла 6534 довталаби дорои таҳсили миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 2205 довталаби дорои таҳсили умумии асосӣ (синфи 9-ум) худро номнавис намудаанд.

Барои ин даври имтиҳонҳо дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ- Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Роғун, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус ва Хоруғ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил шудаанд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2023 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид