ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. Ҳалли мушкилоти вобаста ба ин баҳр ба манфиати 60 миллион аҳолии ҳудуди Осиёи Марказӣ хоҳад буд

Сентябрь 4, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст. Дар кори саммитҳо Президентони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок менамоянд. Вобаста ба ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сармутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) Дилором Шералиева мусоҳиба орост.

АМИТ «Ховар»: Баҳри Арал барои давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ нақш дошт ва кадом сол онҳо ба хушк шудани ин баҳр таваҷҷуҳ зоҳир намуданд?

Дилором Шералиева: Дар гузаштаи наздик, солҳои 60-уми асри ХХ баҳри Арал яке аз калонтарин обанборҳои эндорикӣ буда, ба қатори кӯлҳои бузурги ҷаҳон мансуб буд. То соли 2020 дар ҳавзаи баҳри Арал, ки 60% ҳудуди Осиёи Марказиро дар бар мегирад, 60 миллион нафар- тақрибан 80,7% аҳолии минтақа умр ба сар мебаранд.

Дар аввал баҳри Аралро одамон фаъолона истифода мебурданд. Дар он  киштиҳо шино менамуданд, саноати сайёҳӣ рушд мекард ва моҳигирон ба андозаи бузург моҳӣ медоштанд. Расмҳо ва суратҳои бозмонда аз гуногунии олами ҳайвонот ва набототи баҳри Арал ва ҳавзаи он шаҳодат медиҳанд. Дар ҳавзаи баҳри Арал нисфи тамоми намудҳои биологии дар сарҳади собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мавҷуда зиндагӣ менамуданд.

Шуруъ аз солҳои 30-юми асри гузашта дар Осиёи Миёна сохтмони наҳрҳо (каналҳо)-и калони обёрикунанда оғоз гардид. Бо сабаби аз дарёҳои асосии таъминкунанда — Амударё ва Сирдарё барои обёрӣ истифода гардидани қисмати зиёди об аз солҳои 60-ум сатҳи баҳри Арал (ва ҳаҷми об дар он) босуръат паст шудан гирифт.  Аз соли 1960 то соли 1990 дар Осиёи Миёна майдони заминҳои обёришаванда аз 4,5 миллион ба 7 миллион гектар расид, ки яке аз сабабҳои асосии камшавии об дар баҳри Арал ба шумор меравад.  Соли 1989 баҳр ба ду обанбор ҷудо шуд: Баҳри Шимолӣ (Хурд) ва Ҷанубии (Калон) Арал.

Тағйир ёфтани мувозинаи оби дарёҳо, инчунин зиёд шудани минерализатсияи об дар баҳри Арал боиси аз байн рафтани биосенозҳои нодир ва якчанд намудҳои эндемикии ҳайвонот гардид. Ҳамчунин кам шудани маҷрои об дар баҳри Арал боиси тағйири бебозгашти режими гидрологӣ ва гидрохимиявии баҳр ва экосистемаҳои он гардид. Тағйир ёфтани мувозинаи намак шӯрии баҳрро се маротиба зиёд намуда, онро ба биёбони биологӣ табдил дод ва дар натиҷа талафи биологӣ ва тағйир ёфтани таркиби намаки баҳри Арал боиси таназзули саноати моҳидорӣ ва коркарди он гардид.

Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва бо мақсади рафъи буҳрони экологӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин офатҳои асри ХХ эътироф шудааст, соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис дода шуд.

АМИТ «Ховар»: Дар назди Фонди байналмилалии наҷоти Арал иҷрои кадом вазифаҳо гузошта шудааст?

Дилором Шералиева: Тибқи низомнома, фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои маблағгузорӣ ва ҷалб намудани сармоягузорӣ баҳри амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои муштараки байнидавлатии экологӣ ва илмию амалии ба наҷоти баҳри Арал ва беҳтар намудани вазъи экологии минтақаҳои аз офати Арал зарардида нигаронида, ҳалли мушкилоти умумии иҷтимоӣ ва экологии минтақа, ташкил ва таъмин намудани фаъолияти системаи байнидавлатии мониторинги экологӣ, хазинаи маълумот, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи захираҳои обу замин, олами набототу ҳайвонот, идоракунии обҳои дохилию фаромарзӣ ва иштирок дар татбики барномаю лоиҳаҳои байналмиллалӣ оид ба наҷот додани баҳри Арал ва беҳбуди экологии ҳавзаи баҳри Арал равона гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Таъсири хушкшавии баҳри Арал ба иқтисодиёт ва экологияи  давлатҳои ҳавзаи он чӣ гуна аст ва Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун ташкилоти масъул барои рафъи он чӣ тадбирҳо андешида истодаст?

Дилором Шералиева: Хушк шудани баҳри Арал ба вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии тамоми минтақа таъсири ниҳоят назаррас гузоштааст. Онро метавон «Офати экологии баҳри Арал» гуфт, ки ба шароит ва сифати зиндагии беш аз 50 миллион нафар сокинони минтақа таъсири манфӣ расонидааст. Хушкшавии баҳр боиси коҳиш ёфтани даромад, афзоиши муҳоҷират, сатҳи пасти давомнокии умр, паст гардидани сатҳи зиндагии мардум, суръат ёфтани фавти кӯдакон, афзоиши бемориҳои бактериявӣ ва вирусӣ гардидааст.

Дар баробари ин хушк шудани баҳри Арал омили муҳими тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар ноҳияҳои кӯҳистонии минтақа гардида, ба ташаккули захираҳои об ва ғизо низ таъсири манфӣ расонида истодааст. Бархе аз олимону тадқиқотчиён бар он  назар мебошанд, ки яке аз сабабҳои асосии зуд обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ифлосшавии ҳаво аз ғуборе аст, ки дар натиҷаи тӯфонҳои чангу ғуборолуда аз Эрон, Афғонистон, Чин ва дигар манотиқи биёбонӣ ва солҳои охир аз қаламрави хушкшуда — қаъри баҳри Арал бармеояд.

Бинобар сабаби хушк шудани баҳр қисмати зиёди аҳолии дар наздикии он умр басармебурда, ки пурра ба моҳидорӣ машғул буданд, бекор монданд, ки ин албатта, ба вазъ ва сифати зиндагии онҳо таъсири манфӣ гузошт.

Дар алоқамандӣ ба ин метавон гуфт, ки Фонди байналмилаии наҷоти Арал дар доираи ваколатҳои васеи худ ва тӯли 30 соли фаъолият бо воҳидҳои сохтории худ тавонист платформаи минтақавиро барои муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мубрами минтақа вобаста ба об ва муҳити зист таъмин намояд. Фонди байналмилалии наҷоти Арал тавонистааст ба рушди сифатан нави муносибатҳои байнидавлатӣ дар минтақа тавассути таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҳалли бе  низои масъалаҳои мураккаби  марбут ба идоракунии об ва муҳити зист мусоидат намояд.

Яке аз тадбирҳои амалие, ки дар доираи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои коҳиш додани оқибатҳои буҳрони баҳри Арал ва рафъи мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва экологии он андешида шудааст, ин қабули якчанд барномаи  амал оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Ин барномаҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии 60 миллион аҳолии ҳавзаи баҳри Арал равона гардидаанд.

Барномаи амал оид ба кумак ба давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал аз силсилаи барномаҳое мебошад, ки барои кумаки амалӣ расонидан ба  иқоматкунандагони ҳавзаи баҳри Арал пешбинӣ гардидаанд.

Дар чаҳорчӯби ин барномаҳо чандин лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ амалӣ шуданд, ки ба беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани таъминоти оби ошомиданӣ, санитария ва тандурустӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии обёрӣ, таҳкими хадамоти обуҳавошиносӣ ва умуман баланд бардоштани устувории экологӣ нигаронида шудаанд.

Дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо қарори Раёсати Фонд 29 июни соли 2021 Барномаи амал оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал-4 (БҲБА-4) дар шаҳри Душанбе тасдиқ шуда, дар айни замон мавриди амал қарор дорад.

АМИТ «Ховар»: Барномаи амал оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал-4  чӣ гуна барнома аст ва ба мамлакатҳои  минтақа чӣ кумак мерасонад?

Дилором Шералиева: Дар даврони раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал якчанд корҳои назаррас анҷом дода шудаанд, ки яке аз онҳо, тавре дар боло гуфтем, қабул гардидани БҲБА-4 ба шумор меравад.

БҲБА-4 аз чаҳор самт иборат буда, 34 лоиҳаи миллӣ ва минтақавиро дар бар мегирад, ки ба беҳбуди шароити зиндагӣ ва некӯаҳволии мардуми ҳавзаи баҳри Арал равона гардидааст.

Истифодаи маҷмуии захираҳои об самти якуми БҲБА-4 буда, дар асоси идоракунии маҷмуии захираҳои об, таҳия ва татбиқи технологияҳои пешқадами таъмини самаранокии истифодаи об ва кам намудани талафот дар ҳама сатҳҳо – аз ҳавзаи дарё то ба истифодабарандагони об амалӣ мешавад. Дар ин самт назорати афзоиши талабот ба захираҳои об бинобар афзоиши босуръати аҳолӣ ва мушкилоти таъмини об, ки бо тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал алоқаманд аст, ба назар гирифта шудааст.

Самти экологӣ ба ҳифзи муҳити зист равона гардида, бо мақсади таъмини устувории экологии экосистемаҳои обӣ ва рӯизаминӣ, аз ҷумла сифати дурусти об дар дарёҳо, обанборҳо ва манбаъҳои зеризаминии ҳавзаи баҳри Арал тавассути таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ амалӣ мешавад.

Самти иҷтимоию иқтисодии БҲБА-4 ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба таъмини об ва дастрасӣ ба об барои рушди устувори кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал, инчунин таъмини иҷрои Ҳадафи 6-уми рушди устувор: «Таъмини мавҷудият ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва санитария барои ҳама» ва дигар ҳадафҳои рушди устувор дар ҳамаи давлатҳои ҳавзаи баҳри Арал равона гардидааст.

Такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ самти чаҳоруми БҲБА-4  ба шумор рафта, ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба такмили механизмҳои дастурӣ ва заминаи ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал нигаронида шудааст. Такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз 5 марҳила иборат буда, 3 марҳилаи он аллакай дар ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқии Фонд, ки аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои муассиси Фонд иборат мебошад, баррасӣ ва ниҳоӣ гардонида шудаанд.

Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ва маблағҳои шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои БҲБА-4 Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ Платформаи ҳамоҳангсозиро барои ҳамоҳангсозии фаъолияти байни ҳукуматҳои давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи муштараки лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои дар БҲБА-4 мавҷуда ташкил намуд.

Зимни ҷаласаи аввали Платформаи ҳамоҳангсозӣ, ки 18 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Изҳороти муштарак қабул гардид, ки омодагии ҷонибҳоро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар раванди иҷрои вазифаҳо ва афзалияти БҲБА-4 тасдиқ менамояд.

Бо дастгирии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар доираи татбиқи БҲБА-4 ва ташаббуси Осиёи Марказии Сабз «Стратегияи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» барои давраи солҳои 2020-2024 бо буҷаи 8 миллион Евро ва лоиҳаи «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ» барои давраи солҳои 2022-2026 бо буҷаи умумии 10 миллион Евро таҳия ва амалӣ мешавад.

Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилаии наҷоти Арал дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бисёр лоиҳаҳои дигареро амалӣ менамояд, ки бо ҳадафҳо ва афзалияти БҲБА-4 зич алоқаманданд ва ба мутобиқшавӣ ва коҳиш додани тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд. Дар тамоми самтҳои фаъолият дар доираи БҲБА-4 лоиҳаҳои минтақавӣ, ки аз ҷониби шарикони байналмиллалии рушд амалӣ мешаванд, бо буҷаи умумии 47,4 миллион доллари ИМА дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Лоиҳаҳои миллӣ дар  қаламрави давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо буҷети умумии 543,9 миллион доллари ИМА амалӣ гардида истодаанд. Дар маҷмуъ дар чаҳорчӯби БҲБА-4 25 лоиҳаи бузург ба маблағи умумии 591,3 миллион доллар дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.

АМИТ «Ховар»: Тавре ки медонем, баҳри Арал аз обҳои Сирдарё ва Амударё саршор мегардид ва сарчашмаи асосии он маҳз обҳое мебошанд, ки дар Тоҷикистон ва Кирғизистон ташаккул меёбанд. Оё тақсимоти об дар байни кишварҳои болооб ва поёноб дар доираи Фонди байналмилалии Арал (ФБНА) танзим мешавад ва ё мақоми дигари танзимкунандаи ин масоил мавҷуд аст?

Дилором Шералиева: Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол дар соли 1991 кишварҳои минтақа ба сиёсати худтаъминкунӣ гузаштанд. Аммо бояд гуфт, ки захираҳои об дар минтақа бо дарназардошти хусусияти фаромарзӣ доштанашон на танҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, балки дар рушди ҳамкории минтақавӣ низ нақши муҳим мебозанд. Бинобар ҳамин моҳи феврали соли 1992 Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаи Алмааторо ба имзо расониданд,  ки дар асоси он Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об таъсис дода шуд, ки танзими тақсимоти обро байни кишварҳои минтақа амалӣ менамуд. Минбаъд сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади коҳиш додани буҳрони баҳри Арал ва беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақа дар ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 4 январи соли 1993 тасмим гирифтанд, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал ташкил шавад. Ҳамин тариқ, ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи захираҳои об ва экология заминаи мустаҳкам гузошта шуд.

Тавре огоҳӣ дорем, кишварҳои минтақаро ду дарёи бузург – Амударё ва Сирдарё муттаҳид менамоянд. Ин ду дарё аз қадимулайём мардум, заминҳои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишварҳои минтақаро бо оби ҳаётбахш таъмин менамуданд. Хусусияти муҳими минтақа дар заминаи захираҳои об тақсимоти нобаробари онҳо аст: зиёда аз 80% захираҳои оби минтақа дар ҳудуди ду давлати болооб – Тоҷикистон ва Қирғизистон ташаккул ёфта, ҳиссаи асосии истифодаи онҳо – зиёда аз 80% ба се кишвари поёноб – Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон рост меояд. Маълум аст, ки дар чунин шароит бе ҳамкории дахлдори минтақавӣ масъалаҳои мураккаби хоҷагии обро ҳал намудан имконнопазир аст.

Дар оғози истиқлолияти давлатии кишварҳои минтақа изҳороти зиёде садо медоданд, ки масоили вобаста ба об ба баҳси мушкил мубаддал гашта, боиси бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Аммо, чунон ки вақт нишон дод, ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои минтақа имкон пайдо шуд, ки масъалаҳои об бе низоъ ҳал шаванд.

Моҳи феврали соли 1997 сарони давлатҳо сохтори асосии идоракунии Фонди байналмилалии наҷоти Аралро қабул намуданд, ки тибқи он Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ ва Комисияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор низ ба сохтори Фонди байналмилалии наҷоти Арал шомил гардид.

Ҳалли муштараки масъалаҳои идоракунӣ, танзим, тақсим, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обии манбаъҳои байнидавлатии ҳавзаи баҳри Арал дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ танзим мешавад. Ба ҳайси аъзои комиссияи мазкур роҳбарони мақомоти хоҷагии оби давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баромад менамоянд.

Мусоҳиб Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 4, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд