ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби миллии Сингапур муайян шуд

Сентябрь 3, 2023 17:28

ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳайати мунтахабро барои бозии дӯстона бо дастаи яккачини футболи Сингапур, ки 8 сентябр баргузор мешавад, эълон намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил мебошанд. Дар робита ба иштироки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, якчанд нафар бозигарон ба тими миллӣ даъват нашуданд.

Илова бар ин ба далели омодагии чемпиони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» ба бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2023/24 бо дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар чанд бозигари ин бошгоҳ дар бозии дӯстонаи дарпешистодаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунанд.

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Сингапур ва Тоҷикистон 8 сентябр дар Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2023 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд