ФУТБОЛ. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба бозиҳои дарпешистода омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ин рӯзҳо ба бозиҳои тақвимии мавсими соли 2023 омодагии ҷиддӣ мегирад, зеро дастаро дар пеш бозиҳои муҳим ва ҳассос интизор мебошанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пешсафи чемпионати Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии навбатии худро 10 сентябр барпо менамояд. Дар ин рӯз дар доираи бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми Лигаи футболи Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бозӣ менамояд.
Пас аз дербии шаҳри Душанбе аз рӯи тақвим дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе вохӯрии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиёро бо дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом медиҳад. Ин рақобат 19 сентябр дар «Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид






