ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Австралия бо ҳам бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи мунтахаби олимпии Австралия рақобат менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Австралия дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 20:30 оғоз мегардад.
Қобили тазаккур аст, ки аз ин пеш дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» дастаи мунтахаби олимпии Лаосро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






