ФУТБОЛ. «Истиқлол» Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиёро бо мусовӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон — дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар оғози марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» бо чемпиони Қатар — дастаи «Ал-Дуҳайл» бозиро мусовӣ (0:0) намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ин бозӣ 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, 17 500 тамошобинро ба ҳам овард.
«Истиқлол» дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар даври аввал бар «Персеполис»-и Эрон (2:0) пирӯз шуд, бозӣ менамояд. Бозии «Ал-Наср» – «Истиқлол» 2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






