ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Минск иштирок намуд

Сентябрь 12, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба 956-умин солгарди Минск иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Минск бо чемпиони Русия- бошгоҳи футзали КПРФ мусовӣ бозӣ намуд (4:4).

Дар бозии дигар футзалбозони Тоҷикистон аз тими миллии Беларус бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрданд.

Дар натиҷа дастаи мунтахаби Беларус бо чор хол ғолиби мусобиқа гардид. Бошгоҳи КПРФ-и Русия медали нуқра ба даст овард. Дастаи Тоҷикистон соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бозӣ менамояд.  Бозиҳои ин гурӯҳ аз 7 то 11 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Рақибони дастаи футзали Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) мебошанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд